Роҳбарияти МИҲД шаҳр ва вилояти Суғд иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони дар ақибгоҳ хизматкардаро аёдат намуданд. Ҳангоми аёдат ба онҳо кӯмакпулии яквақтаина ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд. Маблағи кӯмакпулии МИҲД шаҳри Хуҷанд бошад 1,5 ҳазор сомонӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар умум ба ҳар яки аёдатшудагон, 3,5 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.  Синну соли аёдатшудагон беш аз 100 сола буда, ин амали роҳбарияти шаҳру вилоят дар арафаи иди Ғалаба, ки ҳамзамон имсол ба моҳи шарифи Рамазон рост омад, таваҷҷӯҳи хосса  мебошад. Хотиррасон менамоем, ки аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони дар ақибгоҳ хизмат намуда, ҳар сол ба ҳукми анъана даромадааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.