Шурӯъ аз имрӯз санаи 1-уми март ба қайдгирии довталабон ба имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ ба Маркази миллии тестӣ оғоз гардид. Ба қайдгири довталабон дар 10 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сурат мегирад ва он то 15-уми март идома хоҳад ёфт. Дар шаҳри Хуҷанд ду минтақаи бақайдгирӣ МТМУ рақами 2 ва Гимназияи рақами 24 фаъолият мебарад.