Наврӯз аз нигоҳи кӯдакон.

Ин навбат сабти сайёри барномаи  Печутоби замон дар Муассисаи Давлатии Кӯдакистони Президентии вилояти Суғд ҷараён гирифт. Урфу одат ва анъанаҳои  ниёгонро кӯдакон инъикос карданд. Дунёи кӯдак худ рангину аҷиб аст. Аз нигоҳи кӯдакон таҷлили Наврӯз бошад, боз ҷолибтар. Дар баробари кӯдакон мураббиёни онҳо низ хушҳолӣ намуда, аз Наврӯзи фархундапай истиқбол намуданд. Аз муждаи баҳор — бойчечак сар карда, то пухтани суманаки баҳорӣ, нонпазӣ, арӯсбиёрон, гаҳворабандон,пухтани таомҳои миллӣ, иҷрои ҳунарҳои мардумӣ ба монанди сандуқсозӣ, кулолгарӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ин ҳамаро худи кӯдакон-тарбиягирандагони кӯдакистони Президентӣ иҷро намуданд. Шеъру суруди дар васфи баҳору наврӯз, модар ва ватанро кӯдакон бо ҳиссиёти баланду ифтихори миллӣ қироат карданд. Рақсҳои ҷолиби гулдухтарон бошад, худи мураббиёнро ҳам тасхир намуд. Онҳо иброз доштанд, ки кӯшишу заҳматҳояшон баҳри тарбияи хештаншиносиву худогоҳӣ ва арчгузорӣ ба мероси бойи ниёгон зоеъ нарафтааст. Зеро маҳсули заҳматҳои мурраббиягонро кӯдакон тавассути баромадҳои худ дар барномаи адабӣ — мусикии Наврӯз аз нигоҳи кӯдакон исбот намуданд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.