Нархи пила дар Суғд 7 ва ё 10 сомонӣ?

Дар вилояти Суғд маъракаи ҷамоварии пила оғоз шуд. Аз Идораи пилаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, ки давоми панҷ рӯзи пиласупорӣ аз кирмакпарварони ноҳия 20 тонна пила ҷамъоварӣ шудааст. Дар соли ҷорӣ нархи пилаи омехта дар вилояти Суғд 10 сомонӣ муқаррар шуда буд. Аммо аз идораи пилаи ноҳия мегӯянд, ки аз ин 10 сомонӣ харҷи қоғаз, маблағи қуттии кирмак ба андозаи 63 сомонӣ ситонида мешавад. Қаблан аз Идораи пилаи вилояти Суғд иттилоъ дода буданд, ки соли ҷорӣ нархи килои пила 7 сомонӣ муқаррар шудааст, ки назар ба нархномаи соли гузаштаи 2016 як сомонӣ зиёд мебошад. Яъне ба ҳисоби миёна агар кирмакпарвар пилаи босифатро ҷамъовариву ба хирман супорад ба ҳар килои он 7 сомонӣ пардохт мекардаанд. Аммо арзиши пилаи бесифат аз ин ҳам камтар гуфта мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.