Набзи зиндагӣ: барномаи нави иттилоотиву таҳлилӣ, ки аз ояндаи ҷомеа сухан мекунад.

Ин нахустнамоиши барномаи иттилоотиву таҳлилии “Набзи зиндагӣ” аст. Мо дар бораи равандҳои нави рушди ҳаёти кишварамон сухан мекунем, ки ба ояндаи неки Тоҷикистон мусоидат мекунад. Шиори барномаи мо низ хушбинкунанда аст. Ояндаро аз имрӯз бояд сохт. Барномаи аввалини мо ба мавзуи савдои интернетӣ бахшида шудааст. Имрӯз сомонаҳои зиёде мавҷуданд, ки маҳсулоти гуногуни рӯзгорро ба савдо гузоштаанд. Мо дар интернет аз маводи ғизоӣ сар карда тамоми маҳсулоти ниёзи одамонро дида метавонем. Мо одат карда истодаем, ки агар корамон тӯл кашад, барои ошхона рафтану чизеро тановул кардан фурсат нашуд, ҳатман ғизоро ба ҷои корамон, ё манзили зистамон фармоиш медиҳем. Ояндаи мо чӣ гуна аст, агар мо дигар бозор наравему молу маҳсулотро бо чашми худ надида, бо дастони худ нақапида фармоиш диҳем? Моро дар асри савдои Интернетӣ чӣ интизор аст? Ин аз масъалаҳое буданд, ки бо меҳмонони барнома муҳокима гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.