Мусобиқаи волейбол байни духтарон дар Суғд оғоз шуд

Дар вилояти Суғд мусобиқаи волейбол байни духтарон оғоз шуд, ки то 16-уми март идома мекунад. Ҳоло беш аз 100 духтарон дар ҳашт даста барои дарёфти роҳхат ба мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ талош мекунанд. Сарҳад Ғаниев, сармураббии дастаи Бобоҷон Ғафуров ба СМ-1 гуфт, ки мусобиқа дар толори варзигии Колеҷи тиббии ин ноҳия доир мегардад ва дар ниҳоят беҳтарин волейболбоз духтарон ба тими яккачини Суғд шомил мешаванд. Феълан дастаи волейболбозони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ашт, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Конибодом ва Мастчоҳ барои ба даст овардани ғолибият талош доранд. Дар назар аст тими яккачини духтарони волейболбози Суғд дар мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол, ки аз 28-уми март то 3-уми май дар Душанбе доир мегардад иштирок кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.