Мусобиқаи ҷумҳуриявии каратэ-до годзю-рю ҷамъбаст шуд

Варзишгарони Суғд дар мусобиқаи ҷумҳуриявии каратэ-до годзю-рю, ки рӯзҳои 19-20-уми август дар шаҳри Гулистон доир шуд бештари медалҳои тиллоро ба даст оварданд. Мусобиқа бо ибтикори Федератсияи каратэ-дои миллии годзю-рю-и Тоҷикистон ташкил шуда дар он аз вилоятҳои Хатлон, Суғд шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ беш аз 1000 варзишгар иштирок карданд. Беш аз 600 нафар каратечиён, ки Суғдро муаррифӣ мекарданд бо ба даст овардани 50 дарсади медалҳои тиллову нуқра ва бринҷӣ ҷои якумро касб карданд. Фозил Ахмедов, мураббии мактаби варзишии №1-и шаҳри Хуҷанд, ки беш аз 150 каратечиёни ин мактабро дар мусобиқа роҳбарӣ мекард гуфт, 50 нафар аз дастпарваронаш медали тилло, нуқра ва бринҷиро соҳиб шуданд. Ӯ мегӯяд, соли 2016 каратэ-до намуди олимпӣ гардид ва ҳоло каратечиёни Хуҷанд талош доранд, ки соли 2020 дар Токио дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.