Муштзанони навраси тоҷик аз Тюмен ду медали тилло оварданд

Се муштзани навраси тоҷик аз мусобиқаи 4-уми байналмиллали оид ба бокс аз Тюмени Русия бо ду медали тилло, як нуқра ва Ҷом ба Ватан баргаштанд. Як медали тиллоро муштзан аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва дуюминро муштзане аз шаҳри Хуҷанд ба даст овард. Ин мусобиқа барои соҳиб шудан ба мукофоти Фонди хайриявии Натали Ротенбург аз 12 то 15 июн дар шаҳри Тюмени Русия доир гардид. Дар он садҳо нафар муштзанони наврасу ҷавон аз панҷ кишвари пасошӯравӣ иштирок намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.