Мубориза зидди фарбеҳиву фалаҷ дар соҳили Сир

Гурӯҳе аз мардони миёнасол дар соҳили дарёи Сир бар зидди бемориҳои фарбеҳӣ, сактаи мағзи сар ва фалаҷ мубориза мебаранд. Табобат бо усули тамрини сабук аз субҳи соати 05:00 оғоз мегардад. Муқим Собиров, як сокини 56 солаи шаҳри Хуҷанд ба телевизиони СМ-1 гуфт, ки шаш сол пештар дучори бемории фалаҷ шуд. Дар натиҷа даст ва қисмати рости ҷисмаш аз кор бозмонд. Аммо баъди он ки фаҳмид миёнасолон барои халосӣ аз беморӣ назди соҳил меоянд, ӯ ҳам омад. Акнун дастони Муқим Собиров ба ҳаракат медароянд ва худро солимтар эҳсос мекунад. Ин гурӯҳи тақрибан 50 нафараи миёнасолонро Усмонҷон Негматов, устоди варзиш СССР тамрин медиҳад. Ин варзишгари 72 сола гуфт, ки ӯ солиёни зиёд новобаста аз фасли сол талош дорад беморонёро тариқи обутоби бадан шифо диҳад. «Баъди тамрини як ё дусоата ин гурӯҳ дар оби хунуки саҳарӣ ҳам дар зимистон ва ҳам тобистон оббозӣ мекунанд.»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.