Муҳоҷират падидаест, ки ба омӯзиши ҷиддӣ ниёз дорад

Хуҷанд, «СМ-1» /Ислом Раҳимов/. Ҳамоиши байналхалкӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва тиҷорат баргузор гашт, оид ба масъалаҳои муҳоҷират буд.

Он таҳти унвони «Пули муҳоҷиратии байни Осиёи Марказӣ ва Руссия: таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ва дурнамои инкишоф» баргузор гашт. Ин ҳамоиш санаҳои 1-2 октябр дар шаҳри Маскав ва идомаи он дар Хуҷанд гузаронида шуд. Имрӯз кори ҳамоиш ҷамбаст гардид. Муҳочират яке аз масъалаҳоест, ки дар таҳқиқоти илмӣ чанбаҳои гуногуни он омӯхта мешавад. Гурӯҳи калони олимон аз тамоми олам ба омӯзиши паҳлуҳои гуногуни ин масъала машғуланд. Ин падидаро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра меомӯзанд. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши байналхалқӣ давоми ду рӯз гузаронида шуд, ки дар кори он олимони варзида аз Руссия, Тоҷикистон, Ҷопон ва дигар кишварҳо иштирок карданд. Дар китобхонаи донишгоҳ маросими ҷамбасти ин ҳамоиш баргузор гашт. Нотиқон дар оғози суханашон асарҳо ва нашрияҳое ки оид ба масъалахои муҳочирату демография ҳастанд, муаарифӣ карданд. Дастовези сафарии онхо дастаҳои китобу маҷмуаҳои илмӣ буд.

Доктори илми иқтисод Сергей Рязанцев аз пажӯҳишгоҳи академияи улуми Федератсияи Руссия мегӯяд, ки беҳтарин ва арзишноктарин сармояи олимон китоб аст. Аз ин рӯ беш аз сад дона адабиёти илмиро вай ба китобхонаи донишгоҳ ҳадя кард. Дар қисмати ҷамбасти ҳамоиши илмӣ инчунин изҳори сипос барои ташкилкунандагон баён гашт. Аз баромади олимон маълум буд, ки дар масъалаи муҳочират бисёр паҳлуҳои аз нуқтаи назари илм кушоданашуда мавҷуд аст. Дар ин самт бисёр таҳқиқот гузаронидан лозим аст. Барои ин пеш аз ҳама омӯхтани ин раванд, зарур мебошад.

Баромадкунандагони дигар низ дар бораи масъалаҳои дар ҳамоиш зикршуда андешаҳояшонро баён карданд. Аз ҳама барои донишгоҳ муҳим он буд, ки олимон китобу асарҳояшонро ба китобхонаи ин мактаби олӣ ҳадя намуданд. Онҳо итминон доранд, ки ин асарҳо барои омузгорон ва ҳам барои донишҷӯёну аспирантон муфид аст. Умуман, дар ин ҳамоиши илмӣ намояндагони беш аз 12 кишвари олам иштирок карданд. Ташкилкунандагони он иддао доранд, ки муҳтавои мақолоти илмии он минбаъд барои омӯзиши илмии масъалаҳои муҳоҷират аҳамиятнок аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.