Мавзӯъ: Муҳоҷирони меҳнатӣ — қишри осебпазири ҷомеъа.

Вазъи муқовимат ба шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои тундгаро беҳтар шудааст, аммо мушкилоти асосӣ ин муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Чаро ҷавонони муҳоҷири тоҷикистониро дар кишварҳои хориҷа равияҳои экстремистиву террористӣ бо роҳҳои гуногун ба сафи худ кашида истодаанд? Кадом мушкилот сабаби ин ҳолат шудааст? Дар ватан кадом корро бояд анҷом дод, ки дар хориҷа ба доми ифротиён нағалтанд? Маълум аст, ки омори шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ имсол дар байни муҳоҷирон ба назар намерасад. Як сабаби он пандемияи COVID-19 аст, ки имрӯз сарҳадҳо руст ва касе ба ҷое рафта наметавонад. Аммо ин набояд сабаби хотирҷамъии мо бошад. Инак мавзуи барнома: Муҳоҷирони меҳнатӣ — қишри осебпазири ҷомеъа ҳастанд. Чаро? Мо дар ин барнома мехоҳем сабабҳои ин ҳолат ва роҳҳои пешгирӣ аз онро баррасӣ карда бошем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.