Масъалаҳои иқтисодӣ ба рӯзноманигорон омӯзонида мешавад

Душанбе, «СМ-1», /Ислом Раҳимов/. Аз санаи 8-уми ноябр то санаи 13-уми ноябр дар бинои ташкилоти ҷамъиятии «Хома» семинарии омӯзиhttp://cm-1.tv/wp-admin/post-new.phpшӣ баргузор мегардад.

Дар ин семинар рӯзноманигорон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон, намояндагони ВАО иштирок доранд.Семинари мазкур дар доираи барномаи «Мактаби рӯзноманигории иқтисодӣ барои ВАО-и Тоҷикистон» амалӣ мегардад.

Дар рафти ин семинар тренинг ба шунавандагон оид ба таърихи пайдоиши журналистикаи иқтисодӣ, оид ба назарияҳо ва низомҳои иқтисодӣ тренерон Илья Кирия аз Руссия ва Мунъим Ҳасанов дарс мегузаранд. Профессорон оид ба хусусиятҳои микро иқтисод ва макроиқтисод ба рӯзноманигорон маълумот медиҳанд. Дар рафти омӯзиш бозиҳои гуногуни интерактивӣ гузаронида мешаванд. Лоиҳаи «Мактаби рӯзноманигории иқтисодӣ барои ВАО-и Тоҷикистон» бо дастгирии сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ва Иниститути ҷомеаи кушод амалӣ мегардад. Дар назар аст, ки дар охири тренинг иштирокчиёнаш вазифа мегиранд ва то давраи навбатии омӯзиш ба таҳияи маводҳои марбут ба иқтисодиёт машғул мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.