Рустам Азимӣ ва Мутриба Мавлонова дар маҳфили ширу шакар дар Офтобборон иштирок карданд

Барномаи Офтобборон бахшида  ба рӯзи модар бо иштироки адабиётшинос  Мутриба Мавлонова ва ҳофизи эстрадаи вилояти Суғд Рустам Азимӣ доир гардид. Номзади илмҳои филологӣ Мутриба Мавлонова дар бораи арзиши илмиву  адабии “Модарнома”-и Лоиқ Шералӣ андешаҳои худро баён кард.  

Рустам Азимӣ зодаи Панҷакенти бостонӣ буда, таъкид кард, ки аз хурдӣ ба осори Лоиқ таваҷҷӯҳ мекард ва бо ихлоси беандоза  мутоила менамуд. То ин дам  аз осори Лоиқ Шералӣ 8 шеърро интихоб ва  ба  оҳанг даровардааст. Соли ҷорӣ 7 шеър интихобан  оҳанг баста шуд. Дар барнома  суруди нави Рустам Азимӣ “Шишта будам ними шаб, ки тақ-тақи дарвоза шуд” ва сурудеро бахшида ба рӯзи бузургдории модарон манзур кард.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.