Мағзшӯии ҷавонон ва «ташхис»-и шуури онҳо


Чеҳраи нафари ифротӣ чӣ гуна аст? Мо дар як барнома пештар гуфта будем, ки мисли дастгоҳи рентген ягон таҷҳизоте то ҳанӯз ихтироъ нашудааст, ки муайян кунад, ки фалонӣ ифротӣ асту фалонии дигар чунин нест. Нафарони ифротгаро бо рафтору гуфтор худро муайян мекунанд. Ягон нафари онҳо дар оила, назди падару модар ифротӣ нашудаанд. Онҳо вақте ба берун баромаданд, вақте ба шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст шуданд ва надонистанд, ки дар он ҷо бо чӣ кор машғул бояд шуд, ба дасти мубаллиғони андешаҳои тундрав афтоданд. Онҳоро мағзшӯӣ кардаанд. Ин калима давоми ду се соли охир серистифода аст. Худи ин калима чӣ маънӣ дорад ва онро нисбати кӣ ба кор мебаранд? Ин масъала дар барномаи навбатӣ матраҳ шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.