Корхонаҳои саноатии шаҳр чӣ гуна фаъолият доштанд?

Хуҷанд, «СМ-1», Ислом Раҳимов. Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҳабиб Қӯзиев дар маҷлиси фаъолон аз вазъи соҳаи саноат дар соли 2010 гузориш дода қайд кард, ки «Аз 47 корхонаьои саноатии шаьр 31 корхона ба сатьи истеьсолии ьамин давраи соли гузашта расиданд.

Баробари ин дар соҳаи саноат захираҳое низ буданд, ки мутаассифона бо сабабҳои объективию субъективӣ истифода нашуда монданд. Кадомҳоанд ин захираҳо? 13 корхонаи саноатӣ, ба монанди ҷамъиятҳои саҳҳомии «Эьё», «Хуҷандторгмаш», «Пойафзолдӯзи Хуҷанд», «Парвиз», «Комрон – Агро – Холдинг», «Лаъл», «Комбинати консервбарорӣ», ҶДММ «Текстилимпекс», «ММК», «Дӯсти — Амирхон», ҶДММ КМ «ВТ — Силк», «Точин — Л», «Хуҷанд — Пакижинг» нисбат ба соли 2009-ум кам маьсулот бароварданд. Аз ҳисоби коргоҳҳое, ки аз ӯҳдаи таъмини иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ набаромаданд, ба миқдори 21,4 маллион сомонӣ ба иқтисодиёти шаҳр маҳсулоти саноатӣ ворид нагардид». Дар ин давра 3 корхонаи саноатӣ: «Сомонрос», «Нуртекс — 2» ва ҷамъияти масъулияташ маьдуди «Сирдарё» тамоман фаъолият набурданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Содиқ Мирхолиқов оид ба ин се корхона дар нишасти матбуотӣ изҳори назар кард ва гуфт, ки мебоист ин корхонаҳо аз қайди омор бароварда мешуданд. Масалан, корхонаи муштараки «Сомонрос» дар ҳамкорӣ бо як ширкати Руссия фаъолият мебарад. Барои аз қайди омор баровардани он розигии ин ширкат лозим аст. Кор накардани онҳо ва дар қайд истоданашон ба нишондоди умумии иқтисодиёти шаҳр таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин Ҳабиб Қӯзиев изҳор дошт, ки соли 2010 коркарди пахта дар шаҳри Хуҷанд зиёд гашт. Дар ин бора ӯ чунин тазаккур кард: «Дар қаламрави шаҳр 7 корхонаи саноатӣ бо коркарди нахи пахта сарукор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ (яъне январ-декабри соли 2010) ин корхонаҳо 2875,5 тонна пахта коркард карданд, ки нисбати соли 2009-ум 552,3 тонна зиёд мебошад».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.