Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар пахтазор

Рӯзҳои истироҳат кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, идораҳо ва зертобеони онҳо ба саҳро барои кӯмак ба марди деҳқон мебароянд.

Ин ҳафта онҳо дар майдони пахтазори хоҷагии деҳқонии Деҳқонбой Исоеви Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Патар»-и ноҳияи Конибодом рафтанд. Давоми рӯз ҳашарчиён наздик чор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Камтарин чинакчӣ 10 килограм ва чинакчии пешқадам то 70 килограмм ҳосил ҷамъоварӣ кард.

Дар лаҳзаҳои ҷамбасти рӯзи корӣ пешқадамаон қадрдонӣ шуданд. Дар баробари чинакчиёни беҳтарин Идораҳое, ки саҳми назарраси худро ба ҷамъоварии ҳосил гузоштанд, бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд. Кормандони варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият миқдори зиёди чинакчиёнро оварданд.

Онҳо бо тӯҳфаи махсусро гирифтанд. Ҳафтаи оянда низ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба пахтачинӣ рафтанӣ ҳастанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.