Коргоҳе, ки метавонад пойафзоли тиллоиро низ истеҳсол кунад

Роҳбари коргоҳи хурди истеҳсоли пойафзолҳо бо тамғаи “Azam” аз ҷониби як нафар ҷавони соҳибзавқ, хатмкардаи бахши журналистика Аъзам Аҳруллоев ташкил ёфтааст. Барои то шакли бренд расидан, ӯ меҳнат кард ва пайваста омӯхт. Корро аз як дукони хурди пойафзолдӯзӣ сар кард ва то ба коргоҳи истеҳсолӣ расид. Фаъолиятро дар пойтахт оғоз бахшид. Харидорони маҳсулоташ аз тамоми гушаву канори мамлакат пайдо шуданд. Зарурат пеш омад, ки дар дигар минтақаҳои кишвар намояндагии худро боз намояд.  Барномаҳои давлат имконият медиҳад, ки фаъолияти соҳибкории истеҳсолии ӯ дар инкишоф бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.