Кай китобхон мешавем? Китобҳои электронӣ чӣ манфиат доранд?

Дар ҷомеъаи имрӯза, ки техникаву технология ба ҳаёти мо таъсири зиёд расонидааст, теъдоди хонандагони китоб рӯз то рӯз коҳиш меёбад. Тоифае аз ҷавонон мутолиаи китобҳои электрониро афзал мешуморанд. Оё китобҳои электронӣ маълумот ва кайфияти китобҳои чопиро медиҳанд? Шумораи хонандагони китобҳои электронӣ чӣ миқдор аст? Маҳфилҳои китобхонӣ кай баргузор мешаванд? Аз нуқтаҳои китобфурӯшӣ, ё китобхонаҳои оммавӣ адабиёти заруриамонро дастрас карда метавонем? Завқ нест, ё китоб намерасад? Барномаи навбатии “Рӯ ба рӯ” ба ин суолҳо посух мегӯяд. Мо дар ин барнома перомуни мавзӯи “Кай китобхон мешавем? Кадом китобро хонем? Чаро кам китоб мехонем?” баҳс намудем. Дар барнома магистрантону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров иштирок намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.