ИТТИЛЛООТРО АЗ КУҶО МЕГИРЕД?

Ғизо агар барои қуввати тану ҷисми мо лозим бошад, иттилоот  ғизо барои майнаи сари мо аст. Иттилои дуруст ба нафъи мо ва нодуруст бошад бар зарари мост. Иттилоот чӣ қадаре, ки зиёд бошад, интихоб кардани он ҳам мушкил мешавад. Бо ҳамин мақсад аз сокинон бо суоли иттилотро аз куҷо мегиред муроҷиат намудем.

Барои дақиқтар муйян намудани он ки сокинон иттилоотро аз куҷо дастрас менамоянд ва ба кадом манобе таваҷҷӯҳ доранд, натиҷаи пурсиши афкорро тариқи инфографика пешниҳодатон месозем.

Пас аз пурсишҳо маълум гардид, ки ҳар нафар бо диди худ аз сарчашмаҳои гуногун истифода мебаранд. Ҳатто дар баёни онҳо буданд нафароне, ки иттилоотро аз даҳони мардум мешунаванд. Инҷо суоли матраҳ ин аст, ки ҳангоми қабули иттилоот ба чӣ бояд таваҷҷӯҳ намуд, то қурбони манипулятсия ё дастакорӣ нагардид? Ба ин савол рӯзноманигор ва сармуҳарири сомонаи Фактчек.тҷ Ҷамшеди Маъруф ҷавоб гуфт.

 Рӯзноманигори ҷавон ва далелсанҷ Ҷаҳонгир Мирсалимов, низ вобаста ба қабули иттилоот, нуқтаҳои меҳварӣ ҳангоми истеъмоли иттилоот нуқтаи назари худро иброз намуд.

         Дар асри техналогия, ки иттилооти зиёд бо василаву воситаҳои гуногун паҳн мешавад, барои истеъмолкунандаи оддӣ мушкил аст, ки ба кадом иттилоот бовар намояд ва онро қабул созад. Мутахассисон бар он назаранд, ки ҳангоми қабули иттилоот ба чанд нуқта бояд эътибор дод.

  • Қаблан тафаккури интиқодии худро бояд ба кор бурд ва ба ҳар як маълумот бо шубҳа назар намуд.
  • Ҳангоми қабули иттилоот ба манбаъ бояд эътибор дод, ки он фактро кӣ пешниҳод месозад?
  • Бояд ба худ чанд савол дод, ки муаллиф бо пешниҳоди ин иттилоот чӣ мехоҳад? Ман аз ин маълумот ба худ чӣ мегирам?
  • Маълумотро аз чанд манбаи гуногун бояд санҷид, ки дигар манбаҳо вобаста ба ин мавзӯъ чӣ мегӯянд?
  • Бояд эътибор дод, ки дар мавод тавозун яъне баланс риоя шудааст ё муаллиф ҷониберо ҷонибдорӣ мекунад.
  • Бояд таваҷҷӯҳ намуд, ки дар маълумоти пешниҳодшуда дастакорӣ ё манипулятсия вуҷуд дорад ё не?

Ҳангоми қабули иттилоот нуқтаҳои дигар низ мавҷуданд, ки вобаста ба ҳолату мавзӯъ онро ба кор бурдан мумкин аст. Аз ҳама муҳим тафаккури интиқодӣ ва ё мантиқро ба кор бурда иттилоотро дар тарозуи ҳақиқат ва дурӯғ бояд бар кашид. Аммо ҳадафи мо аз пешниҳоди мавзӯи мазкур танҳо муайян намудани он буд, ки сокинон иттилоотро аз куҷо дастрас мекунанад ва ба кадом манбеъ эътимод доранд. Умед месозем, хонандаи азиз ҳангоми қабули иттилоот қурбони дурӯғ намегардеду иттилооти заруриро барои худатон дастрас менамоед.

Шамшод МИРЗОЕВ, ноҳияи Зафаробод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.