Инкори бемории сурхча дар ҷисми се кӯдак дар Хуҷанд

Аз тақрибан 36 ҳазор кӯдакони то 9 сола дар шаҳри Хуҷанд танҳо 18 ҳазор нафарашон ба ҳафати эмгузаронӣ ҳозир шудаанд. Имрӯз, 19 май духтурони Маркази иммунизатсия дар шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки маъракаи эмкунӣ то рӯзи 26 май дар қаламрави Тоҷикистон идома мекунад. Ин маърака барои ҷилавгирӣ аз бемории сурхча ва гулафшон рӯи даст гирифта шудааст, ки бештар ба он кӯдакон сироят меёбанд. Духтурон мегӯянд, дар шаҳри Хуҷанд бемории сироятии сурхча, ки оқибати марговар дорад байни кӯдакон ба қайд гирифта нашудааст. Қаблан аз эҳтимоли хурӯҷи бемории сурхча дар ҷисми се нафар кӯдак иттилоъ дода шуда буд. Аммо духтурон мегӯянд, ки баъди ташхиси онҳо будани ин беморӣ дар ҷисми кӯдакон инкор шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.