Пандемия ба соҳаи сайёҳӣ низ таъсири худро гузошт. Ин хулоса, баъди таҳлили мавзеъҳои таърихӣ, дар мисоли пойгоҳи кӯҳнавардӣ-сайёҳии шаҳри Панҷакент натиҷагирӣ карда шуд. Ҳоло дари ин пойгоҳ боз аст, аммо сайёҳони хориҷӣ нестанд. Қабули сайёҳони дохилӣ бо риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ба роҳ монда шудааст.

