Сокинони деҳаи Шинг бидуни коронавирус зиндагӣ мекунанд. Ин деҳа яке аз дурдасттарин маҳсуб мешавад ва то имрӯз касе аз сокинони ин минтақа ба коронавирус сироят наёфтанд. То ҳатто, зери шубҳа қарор нагирифтаанд. Чунки ҳарорати бадан низ ба мушоҳида нарасидааст. Ин навбат гурӯҳи хабарнигорон бо сокинони деҳаи дурдасти шаҳри Панҷакент сӯҳбат ороста, вазъи зиндагию эпидемиологии онҳоро баррасӣ карданд.