Иди Меҳргон ва изҳори меҳрубонӣ

Хуҷанд, «СМ-1» /Ислом Раҳимов/. Хонандагони муассиссаи таълимии ғайридавлатии мактаби Паймони Азизон дар дабистон иди Меҳргон ва ё худ иди ҳосилро гузарониданд. Дар доираи ин чорабинӣ онҳо намоишгоҳ ҳам ташкил намуданд.

Сарвари иттиҳодияи ҷавонони мактаб Алишер Ҳаётов мегӯяд, ки чанде пеш ба хонандагон муроҷиат карда буданд, ки ҳосилҳои дар тирамоҳ рӯидаро ба мактаб оранд. Гурӯҳе онро харида ва гурӯҳи дигар аз хонааш гирифта ба мактаб овард. Ҳосили ҷамъшударо хонандагон ба хона-парваришгоҳи пиронсолону маъюбони Деҳмой, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор дорад, гирифта рафтанд. Ба кӯдакони маъюб, ки дар ин ҷо тарбия мегиранд, ҳосили ҷамъшударо тақсим карда доданд.

Муаллимон мегӯянд, ки мақсад аз ин кори хайр дар хонандагон бедор кардани шафқат ва меҳр нисбати маъюбон ва ниёзмандон аст. Дар охир хонандагон мактаб хулоса карданд, ки чунин чорабиниро соли оянда низ ба хотири мадад ба кӯдакони маъюб мегузаронанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.