Ҳуқуқи коргар кадом аст? Печутоби замон ҷавоб мегӯяд.

Ҳуқуқи коргар кадом аст? Бо ҳамин унвон барномаи Печутоби замон таҳия шуд.

Коргар мехоҳад ҳуқуқашро пурра донад. Донистан як тараф, риоя шудани он боз як муаммои дигар аст. Ток шоуи Печутоби замон ин мавзӯъро ба риштаи баҳсу таҳлил кашид. Пӯшида нест, ки ҳуқуқи коргар на ҳамеша. На дар ҳама коргоҳ аз ҷониби корфармо риоя мешавад. Дар бештари ҳолат коргар, ки ҳуқуқи худро намедонад, аз корфармо талаб ҳам карда наметавонад.

Дар мисоли як зане, ки айни замон дар рухсатии баъди таваллуд қарор дорад, риоя нагардидани оддитарин ҳуқуқи коргар аз ҷониби корфармо дар ҷараёни барнома баён гашт. Аз рӯи нақли Муслима Алиева маълум шуд, ки кӯдакаш як солаю шаш моҳа асту ҳарчанд як моҳ пеш роҳбариятро огоҳ карда буд, аммо вақте муроҷиат мекунад, ба вай ҷавоб медиҳанд, ки ба ҷои ӯ нафари дигар ба кор қабул шудааст.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала, фикри  ҷониби дигар, яъне корфармо пурсида шуд. Ҷавоб доданд, ки  ба ҷои ин зан муваққатан нафари дигар ба кор қабул шудааст. То мӯҳлати шартномаи ин коргар ба охир нарасад, ӯро аз ин вазифа ба дигар кор интиқол додан ғайриимкон аст. Бино ба иттилои шӯъбаи кадрҳои идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, ки то баромадан ба рухсатии таваллуд  Муслима Алиева кор мекард,  дар дигар шӯъба кор пешниҳод шудааст, аммо каҳрамони барнома ин пешниҳодро қабул накардааст.

Ба гуфтаи худи қаҳрамони барнома масъала печидааст ва мушкилот сари муносибатҳои шахсист. Зеро, раис ва коргар бо ҳам забони муросо наёфтанд. Дар натиҷаи ин баҳс, модари ду фарзанд Муслима Алиева боз як аризаи дигарро навишта, то сесолагӣ хоҳиши дар хона нишастанро кардааст. Ҳамчунин дар барномаи  Печутоби замон дигар ҳуқуқу имтиёзҳои кормандро ҳуқуқшиносон баён карданд. Аз ҷумла тақдири коргаре, ки ғайриқонунӣ фаъолият мебарад, чи мешавад? Баён шуд. Тамош кунед! Бисёр масъалаҳои ҳуқуқиро мефаҳмед!

Бо кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомона шинос гардед. http://mehnat.tj/mehnat/2018/12/19/
Ба барномаи Печутоби замон бошед бинандагони азиз !https://cm-1.tv/category/barnomaho/pechytobi-zamom/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.