ҲАФТКӮЛ – МАКОНИ САЙЁҲИВУ ТАБИАТИ НОТАКРОР

Ҳафткӯл яке аз силсилакӯлҳои мавзеъҳои табии Тоҷикистон мебошад. Ҳафткӯл дар кӯҳистони Фон, қаторкӯҳи Зарафшон воқеъ аст. Дар кӯҳҳои Фон зиёда аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд ҳастанд, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегиранд.  Кӯлҳо дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадаанд. Дар миёни онҳо Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунанд.

      Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешаванд. Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр дар сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст.

         “Ҳафткӯл” дар ҳифз  ва истифодаи мероси табиии ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин мавзеъ, ки ба яке аз минтақаи Сайёҳии Тоҷикистон (минтақаи туристии водии Зарафшон) табдил ёфтааст, сайёҳони зиёде меоянд.

Мижгон

МИЖГОН— аз ҷиҳати сохт ва шакл ба мижгон ҳеҷ монандие надорад, аммо дар зебоӣ аз он ҳам зеботар мебошад. Нисбат ба кӯлҳои баъдӣ садранг асту хеле соф. Вобаста ба вазъи боду ҳаво рангҳои бунафш, нилоби сурх, кабут ва дигар рангҳоро низ мегирад. Чуқурии кӯли Мижгон ба 20 метр мерасад. Эҳтимол меравад, ки чанд бор вайрон ҳам шудааст.

Соя

СОЯ— унвон гирифтааст кӯли дуюм, ки номаш бо он ҳамрадиф аст. Аз сабаби ду тарафи кӯлро кӯҳҳои баланд иҳота карданашон, дар андаки рӯз кӯлро соя мепӯшонад ва ранги кӯл тиратоб мешавад. Ҳангоми нисфирӯзӣ ба кӯл каме ҳам бошад офтоб нурпоҳӣ менамояду халос. Бо каме гузаштани вақт офтоб аз нурпошӣ намудани дар кӯл худдорӣ менамояд.  

Ҳушёр

ҲУШЁР— аз ин кӯл асосан мардуми деҳаи Гулдара истифода мекунанд. Баъзе аз сокинони деҳаи мазкур мегӯянд, ки аз сабаби ҳамеша равон будани оби кӯл ва оббозӣ намудани сокинону сайёҳон ба кӯл номи Ҳушёрро додаанд. Кӯлҳои Соя ва Ҳушёр нисбат ба дигар кӯлҳо дар масофаи наздиктар ҷойгир шудаанд.

Нофин

НОФИН— маънои мобайн ё марказро дорад. Кӯлест пур аз муаммо, сир ва ривояту устураҳои қадима. Ранги ин кӯл дар як мавсими муайян моил ба сурх шудан мекардааст. Ривоятҳо ҳам аз ҳаминҷо сарчашма мегиранд.  мардуми маҳаллӣ чандин маротиба инро мушоҳида кардаанд. Чуқурии кӯли мазкур 41,3 метр мебошад. Оби он қариб ба 6 млн мукааб мерасад.

Хурдак

ХУРДАК— ин кӯл бо номаш ҳамтавъам мебошад, зеро дар байни ҳама кӯлҳо кӯчактар мебошад.  Боре дар ин кӯл нерӯгоҳ ҳам сохтаанд, ки тамоми дараи Шингро бо барқ таъмин менамуд. Кӯли Хурдак ҳамагӣ 240 метр дарозӣ дошта, масоҳаташ ба 0,06км мураббаъ мерасад.

Марғзор

МАРҒЗОР— ин кӯл нисбат ба кӯлҳои ҳафтгона калонтар аст. Дар айёми Баҳору Тобистон гирду атрофи он аз ҳисоби гулу гиёҳ ҳо кабуди кабуд мешавад, аз ин хотир онро Марғзор номидаанд. Кӯли мазкур 2650 метр тӯл кашидааст. Ақидае ҳаст, ки дар гузашта сатҳи об боз ҳам баландтар будааст. Аз сабаби боло шудан аз дарғот сатҳи он 25- метр коҳиш ёфтааст.

Ҳазорчашма

ҲАЗОРЧАШМА— оби кӯи мазкур аз ду тараф ҷорӣ мешавад. Аз сабаби сард будани оби кӯл ғайр аз кӯрмоҳӣ дигар намуди ҷонварони зериобӣ наметавонанд дар он зиндагӣ бикунанд. Ин кӯл дар дараи нисбатан васеътар ҷойгир шудааст. Ин аст, ки сокинони деҳаҳои Сарисангпул, Оби ҳаёт ва сойи Марғзор ин мавзеъро дар фасли Тобистон ҳамчун чарогоҳ истифода мебаранд. Тобистон дар ин ҷо на он қадар дароз аст. Кӯли Ҳазорчашма нисбат ба дигар кӯлҳо ором буда, рангаш сиёҳчатоб мебошад. Аз кӯли ҳафтум ба кӯли шашум об ба таври муқаррарӣ, тавассути дара ҷорӣ мешавад. Кӯли шашум обрав надорад. Оби он бо зери замин ба кӯли панҷум мерезад. Болои он мардум хона андохтаанд. Ин раванд то кӯли поёнӣ айнан ҳамин хел идома меёбад.

Мустафо НУРУЛЛОЕВ,  шаҳри Панҷакент.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.