Гузориш аз рӯзгор ва мушкилоти як зани эхтиёҷманд. Муроҷиати як шаҳрванд ба СМ- 1

Манзура Зокироваи 35 сола  маъюби гурӯҳи сеюм аст. Ӯ қаблан аз маъюб буданаш тамоман шикоят намекард. Аммо ҳоло бошад баъди тавлиди фарзанди сеюмаш вазъи саломатии Манзура куллан тағир ёфт. Аз рӯи рӯи ташхиси духтурон рони рости пойи Манзура 5 см нисбат ба пойи чапаш кутоҳтар аст. Махз тавлиди фарзанди сеюм боиси авҷ гирифтани бемории ин зан гардидааст. Самеъ Орипов сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ширкати телевизиони СМ-1-ум расман муроҷиат намуд. Имрӯз барои ҷарроҳии пойи Манзура маблағи калон лозим аст. Мутассифона  мааблағи нафақае, ки ҳар ду  ба даст меорад  барои муолиҷа  кофӣ нест. Аз ин рӯ аз шахсони саховатманд дасти кӯмак  пурсид. Хоҳишмандоне, ки ба ин оила кӯмак  карданӣ ҳастанд  метавонанд ба  рақами 918 12 02 10  тамос  гиранд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.