Гурӯҳи калони даъватшудагон аз вилояти Суғд ба сафи қувваҳои мусаллаҳ фиристода шуданд

Бобоҷон Ғафуров, «СМ-1» /Ислом Раҳимов /. Аз майдони ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи ҳамном санаи 15-уми октябр гурӯҳи калони даъватшудагони вилояти Суғд ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карда шуданд.

Ба гуфти ҷонишини Комиссари ҳарбии вилояти Суғд Шарифҷон Азизов аз ин ҷо 600 нафар даъватшавандагон ба шаҳри Душанбе фиристода мешаванд. Ба ифтихори гусели наваскарон чорабинии калони идона ташкил карда шуд.

Дар он волидони даъватшавандагон, нафарони гуселкунанда, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва афсарон иштрок карданд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода низ ба гусели даъватшудагон баромад. Дар баромадаш раиси вилоят ба волидони даъватшудагон арзи сипос баён кард. Бино бар гуфти намояндагон комиссариатҳои ҳарбӣ ин ҷавонон ихтиёран худро ба сафи артиш номнавис кардаанд. Дар маросими гусели даъватшудагон падару модарон ва бибию бобоҳои онҳо ҳам омада буданд. Ба хотири риояи расму оини гузаштагон ба наваскарон нон дароз карда шуд, то ки аз он газанд. Маънои ин таомул он аст, ки боз баъди адои хизмат сарбоз ба зодгоҳаш баргашта ояду насибаашро хӯрад.

Боқимондаи нони газидашударо модарон бо ҳамин ният дар хона нигоҳ медоранд. Баъди рақсу бозӣ ва хайрухуш бо волидон даъватшудагон ба вагонҳо савор шуданд. Онҳо дар ҷануби кишвар дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хизмати ҳарбиро ба ҷо меоранд. Маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад. Нақшаи даъват дар вилояти Суғд танҳо дар даҳ рӯзи аввали мавсим 45 %иҷро гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.