РАДИОИ ПАЙВАНД ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД РӮЗНОМАНИГОРОНИ ШАҲРВАНДИРО БАРОИ ҲАМКОРӢ ДАЪВАТ МЕКУНАД.

Ҳар як сокини вилояти Суғд аз шаҳру навоҳии гуногун, ки шавқи дар соҳаи рӯзноманигорӣ кор карданро дорад ва таҷрибаи корӣ дар ин самт надорад, метавонад иштирокчии лоиҳаи “Рӯзноманигории шаҳрвандӣ” шавад.
Радиои Пайванд имсол низ иштирокчии лоиҳаи “Рӯзноманигории шаҳрвандӣ” гашт, ки лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID дастгири меёбад, Internews онро амалӣ мегардонад.
Мо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро ба ҳамкорӣ даъват мекунем. Пас аз интихоби номзадҳо, ба рӯзноманигорони шаҳрвандӣ курси кӯтоҳмуддат ташкил шуда, ба онҳо нозукиҳои истеҳсоли маводи журналистӣ омӯзонида мешавад. Мо ба шумо чӣ гуна пайдо кардани мавзӯъҳои ҷолиб, чӣ гуна садобардорӣ намудан, чӣ гуна акс гирифтан, тафтиш кардани маълумот ва дигар нозукиҳои касби журналистиро мемоӯзем. Маводи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар радиои Пайванд ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда мешавнд.
Бо иштирок дар лоиҳа, шумо имконият доред, ки мавқеи шаҳрвандии худро нишон диҳед ва дониши нав гиред.
Шумо метавонед тавассути пайванди мазкур дархост пур намоед ва иштирокчии лоиҳаи “Рӯзноманигории шаҳрвандӣ” гардед. Дархостҳо то 10 марти соли 2021 қабул карда мешаванд.


Дархост барои иштирок дар лоиҳа

Агар ягон саволи иловагӣ доред, метавонед ба рақамҳои мазкур занг занед. +992 927472030

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.