Ғизои иловагӣ барои кӯдак.

Дар барномаи навбатии Печутоби замон  ғизои иловагии кӯдак муҳокима шуд. Аввали баҳор мавсими норасогии витамин барои организм буда, масунияти кӯдак низ паст шуданаш мумкин.  Дар ин марҳила фарзанд кадом ғизоҳои иловагиро истеъмол намуданаш мумкин, то бемор нашавад. Ширкати Нури Зулол барои кӯдакон ғизои иловагиро ба намуди афшураи Тоҷ, Смузи, меваи пухтасоидашудаи Ням-ням пешниҳод мекунад. Дар барномаи Печутоби замон намуд, таркиб, сифат, бехатарӣ ва хусусияти фоидабахшии маҳсулоти тозаистеҳсоли Нури Зулол дар бастаи мулоими Пауч муҳокима шуд. Мутахассисони Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд, хадамоти назорати давлатии санитарӣ — эпидемиологии вилоят, духтури кӯдакон, андешаи худро нисбати ғизои солими иловагии кӯдак баён намуданд. Барои чӣ Нури Зулол? Созмондиҳандагони барнома ҳамҷоя бо коршиносон, баъди омӯхтани бозори истеҳсолӣ ва талаботи истеъмолкунанда ба хулоса омаданд, ки ғизои иловагии кӯдаконаи Нури Зулол серталабот аст. Зеро ширкати Оби Зулол давоми 20 сол устувории худро дар бозори ҷахонӣ исбот карда, яке аз пешсафони ин соҳа ба шумор меравад. Қаҳрамонони барнома модар ва модаркалон бе шубҳа ва дудилагӣ ғизои иловагиро ба намуди афшура ва меваи пухтасоидашуда ба дигарон тавсия намуданд. Чунки онҳо ба фарзанд ва набераи худ  ғизои иловагиро дода, натиҷаи онро ҳам мебинанд. Маълум шуд, ки ин ғизои иловагии кӯдакона аз меваҳои табии табиати Тоҷикистони офтобӣ тайёр мешавад. Таркиб ва хусусияти фоидабахшии афшураи Тоҷ, Смузи, меваи пухтасоидашудаи Ням-ням давоми 12 моҳ тағир намеёбад. Ва кӯдак давоми сол витаминҳои лозимаро истеъмол карда метавонад. Танҳо ба маззаи нисбатан туршчаи ин маҳсулоти нав эрод гирифта шуд. Зеро кӯдакон бештар маззаи ширинро меписанданд. Ин ҳолатро мураббияи кӯдакистонҳо, ки дар Печутоби замон иштирок доштанд, тасдиқ намуданд. Намояндагони ҶСП Оби Зулол дар ҷараёни барнома ба ҳамаи саволу муаммоҳое, ки вобаста ба маҳсулоти нав-ғизои иловагии кӯдака ба миён омад, рӯшани андохта, ҷавобҳои мушаххас доданд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.