ФАВТ НЕСТ. ГИРИФТОРОНИ ИЛТИҲОБИ ШУШ ДАР ГУЛИСТОН 61 ҲОЛАТ АСТ

Сироятёфтагони илтиҳоби шуш дар шаҳри Гулистон ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бустон ва Бобоҷон Ғафуров табобат гирифтанд.  Ҳоло танҳо 1 нафар сокини ин шаҳр дар беморхона бистарӣ буда, зери назорати сироятшносон қарор дорад. Вазъи саломатиш хуб мебошад. Шурӯъ аз охири моҳи апрел то ба имрӯз шумораи гирифтори илтиҳоби шуш дар шаҳри Гулистон 61 нафарро ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.