Дузди терминали маблағқабулкунӣ дастгир шуд

Хуҷанд, «СМ-1» /Облоҷон Сафаров/. Рӯзҳои охир ҳодисаи дуздӣ дар терминалҳои маблағқабулкунӣ ба мушоҳида мерасанд.

Бино бар иттилои Марказӣ матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд санаи шоми 25-ум бар 26-уми ноябри соли ҷори дуздӣ дар терминалӣ маблағқабулкунии назди истгоҳи Панчшанбе ба амал омад. Дар ин ҷо дузд 600 сомонӣ маблағи қабулшуда ва худи қути терминалро, ки 900 сомонӣ арзиш дорад, тасарруф кард.

Яъне маблағи умумии дуздидашуда аз як нуқта ба 1500 сомонӣ баробар буд. Инчунин худи ҳамон сана терминали маблағқабулкунии назди мағозаи Гули ҷаҳонро низ ғорат карда аз он ҷо 217 сомонӣ маблағи ҷамъшуда ва дастгоҳи махсуси онро ки 754 сомонӣ арзиш дорад, тасарруф намуданд. Инчунин дуздӣ дар дигар терминалҳо ҳам ба амал омад. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ, истиқоматкунандаи ҷамоати Ёва Юсупов Сироҷиддин, соли таваллудаш 1991 дастгир карда шуд. Нисбати ҳодисаи дузди парвандаи ҷинояти кушода шудааст, тафтишот идома дорад. Дар ин бора ба мо аз Маркази матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.