Дорандагони кортҳои пластикӣ дар Суғд зиёд мешаванд

Хуҷанд, «СМ-1» /Ислом Раҳимов/. Дорандагони кортҳои пластикӣ дар вилоят меафзояд. Аксарияти корхонаҳо ва ташкилотҳои ҳудуди вилояти Суғд маошашонро бо истифодаи кортҳои пластикӣ гирифта истодаанд.

Мудири шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев мегӯяд, ки дар оянда имконияти васеътар ҷорӣ намудани кортҳои пластикӣ ҷой дорад ва мисли кишварҳои мутараққӣ истифодаи онҳо васеъ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Агар дар нӯҳ моҳи соли 2009 дар вилоят 8908 нафар дорандагони корти пластикӣ мавҷуд бошанд, пас дар ҳамин давраи соли ҷорӣ миқдори онҳо ба 22 ҳазору 247 нафар расидааст. Барои хизматрасонӣ ба дорандагони кортҳои пластикӣ миқдори нуқтаҳои хизматрасонӣ ба 91 адад расонида шуд, ки аз онҳо 40 банкомат, 2 терминали савдо ва 49 нуқтаи пешниҳоди пули нақд аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.