ДИРӮЗУ ИМРӮЗИ ҚАЛЪАИ МУҒ

Шаҳри Истаравшан таърихи қадима дошта бо Қалъаи Муғ шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Қалъаи Муғ дар баландии тақрибан 1140 метр ҷой гирифтааст. Кай сохта шудани Қалъаи Муғ мушаххасан маълум нест. Бархе бар он назаранд, ки қалъаи Муғ 2500 сол таърих дорад. Муҳақиқони дигар мегӯянд, ки ин қалъа 6-7 ҳазор сол қабл сохта шуда буд. Муаррих, муаллифи зиёда аз 320 рисола ва 1400 мақола Саидумари Султон вобаста ба таърихи қалъаи Муғ  чунин назар дорад:

Ҳоло барои Шумо навори кӯтоҳе манзур мегардад, ки аз тарҳи қабл аз бозсозишудаи Қалъаи Муғ омода шудааст. Қалъаи Муғ соли 2018 бо маблағи зиёда 26 миллион сомонӣ аз нав бозсозӣ шуд. Дар ин қалла аз ҷумла амфитеатр ва атрофи он деворҳо бунёд гардид. Масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 6 гектарро дар бар гирифтааст. Тобистони соли 1933 бо раҳнамоии шарқшиноси маъруф А.Фрейман дар ин қалъа ҳафриёти бостоншиносӣ амалӣ гардида, аз харобаҳои он зиёда аз сад бозёфти нодири таърихии мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо карда шуд. Дар баробари ин, аз бойгонии қалъа беш аз 80 ҳуҷҷат бо забонҳои суғдӣ ва арабиву чинӣ пайдо гардидаанд, ки ҳанӯз ҳам мавриди омӯзиши бостоншиносони ватаниву хориҷӣ қарор доранд. Салимҷон САИДОВ, Шаҳбоз ТОҲИРОВ, шаҳри Истаравшан

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.