Деҳаи Апони боло бо оби полезӣ таъмин гашт

Ашт, «СМ-1», /Ислом Раҳимов/. Дар деҳаи Апони болои ноҳияи Ашт ният доранд, ки замини холиро ба мардум тақсим карда диҳанд. Замин ба дашт монанд аст ва бар асари набудани оби полезӣ санглох гардидааст.

Акнун ният доранд, ки ин мушкилиро бартараф кунанд. Бо ҳамкории ташкилоти байналхалқии Ҳайати шафқат ва бо маблағгузории Агентии Амрико оид ба рушд, ЮСАИД чоҳи амудии аз кор монда аз сари нав таъмир карда шуд.

Хати барқро ба ин мавзеъ оварданд, трансформатори нав ва насоси нави обкашӣ гузоштанд, то ин ки мардум бо оби полезӣ таъмин гарданд. Дар лаҳзаҳои тантанавии кушодашавии чоҳи амудӣ дар деҳаи Апони боло намояндагони ташкилоти Ҳайати шафқат, ЮСАИД, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иштирок карда дар назди мардум суханронӣ карданд. Деҳаи Апони боло дар ҳудуди ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт қарор дорад. Дар лаҳзаҳои тантанавӣ муовини раиси ноҳияи Ашт Зафар Мамадҷонов баромад карда ба истифода дода шудани чоҳи амудиро дар деҳа кори хайр номид. Ӯ гуфт, ки минбаъд заминҳои нообод ба гулгашт ва хиёбонҳои зебо табдил дода хоҳад шуд. Инчунин роҳбарии ташкилоти ЮСАИД дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷефри Лери баромад карда, гуфт, ки ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти маҳаллӣ ва сокинон амалӣ гардид ва минбаъд низ агар мардум онро ҳифз кунанд, давомнокии амали он васеъ хоҳад гашт.

Барқароркунии чоҳи амудӣ дар доираи Барномаи беҳдошти субот дар Тоҷикистон амалӣ мегардад ва онро ЮСАИД маблағгузорӣ мекунад. Кормандони ташкилоти Ҳайъати Шафқат, ба намояндагони ҷамоат калиди рамзии чоҳи амудиро супориданд ва бо иштироки меҳмонон лентаи рамзии ифтитоҳи чоҳи амудӣ бурида шуд. Заминҳое ки чандин сол обро надида буданд, шодоб мегарданд. Минбаъд ба ин ҷо участкахои наздиҳавлигӣ бунёд мегардад ва сокинони он бо оби полезӣ таъмин хоҳанд шуд.

Мардуми деҳаи Апони боло дар таъмири ин чоҳ худашон ҳам саҳм гузоштаанд ва 30 дарсади маблағ аз ҳисоби онҳо аст. Акнун онҳо ният доранд, ки чоҳи амудиро худашон нигоҳубин кунанд. Минбаъд, деҳаи Апони боло бо оби полезӣ таъмин мегардад. Ин чоҳ ба гуфти роҳбарияти ноҳия барои таъмини амнияти озуқавории маҳал низ созгор аст. Чунки мардум бо обчакорӣ машғул мешаванду зиндагии худашонро беҳтар мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.