Дастовардҳои варзишии вилоят

Хуҷанд, «СМ-1» /Ислом Раҳимов/. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 43 адад мусобиқаю чемпионатҳо баргузор гардиданд.

Варзишгарони вилоят бошанд, дар 54 мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва 18 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кардаанд.Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рустам Ғиёсов иттилоъ дод.

Дар ин мусобиқаҳо варзишгарони вилоят дар намудҳои гӯштини тарзи озод, румӣ-юнонӣ, камарбандӣ, дзюдо, бокс, самбо, заврақронӣ, муҳорибаи универсалӣ, футбол, баскетбол, волейбол, таэквандо, каратэ-до, тениси рӯи миз, вазнбардорӣ, шоҳмот, шашкаи русӣ ва варзиши сабук иштирок кардаанд. Дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ варзишгарони вилоят дар нӯхмоҳаи соли ҷорӣ 692 медали тилло, 531 медали нуқра ва 779 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.