Дастгоҳи хиштрезӣ бе қувваи барқ ҳам кор мекунад

Хуҷанд. «СМ-1» /Ҳалимҷон Ҷӯраев/. Ихтироъкор Илҳом Бузуруков таҷҳизоти хиштрезиро сохт, ки барои истифодабарии он қувваи барқ лозим нест. Дастгоҳ аз оҳану пӯлод сохта шудааст.

Илҳом Бузуруков таҷҳизоти хиштрезиро дар ҳавлии шахсиаш насб кардааст.Барои фаъолияти он як ё ду нафар лозим аст. Барои баровардани як дона хишт семент, сангреза ва рег истифода мешавад. Ба гуфти ихтирокор Илҳом Бузуруков барои баровардани як дона хишт як келову 300 грам семент лозим аст. Коркунон тавассути ин таҷҳизот дар як рӯз метавонанд 500 дона хишт резанд. Хиште, ки тавассути ин таҷҳизот рехта мешавад мустаҳкам ва босифат мебошад. Дарозиаш 38 см, бараш 18 см ва баландиаш бошад 18 см аст. Вазни хишти калонҳаҷм 17 килограмм аст.

Барои сохтани як дона хишт танҳо 18 фоиз об рехта мешавад. Нархи ин хиштҳои бо ин дастгоҳ рехташаванда мисли хиштҳое, ки тавассути таҷҳизоти барқӣ фаъолият мебарад як аст, яъне ба миқдори як сомониву 80 дирамӣ фурӯхта мешавад. Ин ихтироъкор дар фаъолияти кориаш чандин намуди чунин таҷҳизотҳоеро сохтааст, ки онҳо беқувваи барқ кор мекунад. Ба гуфти Илҳом Бузуруков гарчанд, ки шароити кор барои ихтироъкорон дар кишвар мавҷуд аст, аммо баъзе нафарон ба кори ӯ халал мерасонанд ва фишор меоранд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ӯ кор мекунад ва аз паи ихтирооти нав аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.