Дарёфти ҷасади ду ноболиғ ва як прапоршик аз соҳили Баҳри тоҷик

Аз соҳили «Баҳри тоҷик» дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҷасади ду ноболиғ ва як ҷавон берун оварда шуд. Ду ноболиғи фавтидаи 8-13 сола, ки бародарон буданд сокининони деҳаи Дашқарантоғи шаҳри Конибодом ном бурда мешаванд. Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки бародарон рӯзи 20 май ҳангоми чаронидани чорво дар соҳили «Баҳри тоҷик» ғарқ шуда ба ҳалокат расидаанд. Инчунин прапоршики 23 солаи яке аз қисмҳои низомии Суғд рӯзи 21 май дар мавзеи обутобгоҳи кӯли «Лангар»-и шаҳри Гулистон ҷон бохтааст. Ситод мегӯяд, прапоршик сару либосашро ба назди кӯл монда ғайб задааст ва соати 20:05 шаби рӯзи якшанбе ҷасадаш аз мавзеи обутобгоҳ дарёфт шудааст. Аз ин прапоршики фавтида сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон ном бурда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.