Дархост барои иштирок дар лоиҳаи «Журналистикаи шаҳрвандӣ», дар радиои «Пайванд»

Радиои Пайванд журналистони шаҳрвандиро ҷустуҷӯ дорад. Мо марҳилаи дуввуми лоиҳаи “Журналистикаи шаҳрвандӣ”-ро оғоз мекунем.
Мехостед садоятон аз радио пахш шавад? Дар пешрафту мушкилоти маҳалли худ бетараф нестед ва мехоҳед онро расонаӣ намоед? Барои шумо мулоқот бо журналистон шавқовар аст? Матлаби журналистӣ омода намуданро орзу мекардед? Пас ба лоиҳаи мо ҳамроҳ шавед.
Дар лоиҳаи мо сокинон аз шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Деваштич иштирок карда метавонанд. Мо танҳо як шарти хурд дорем. Шумо бояд журналисти касбӣ набошед.
Мо нафаронеро ҷустуҷӯ дорем, ки мехоҳанд журналист шаванд ё новобаста аз кӣ буданашон дар соҳаи рӯзноманигорӣ фаъолият кардан мехоҳанд. Шумо фаъолияти хурдро дар радифи кори асосиатон дар маҳали худ оғоз мекунед.
Журналистони шаҳрвандӣ дар радиои Пайванд тариқи озмун қабул карда мешавад. Барои иштирок дар лоиҳаи мо бояд онлайн-дархости худро дар ссылка (пайванд)-и мазкур пур кунед.

Дархостҳо то 29-уми феврали соли 2020 қабул карда мешаванд.

Барои пур кардани дархост ба суроғаи зер гузаред:

Лоиҳаи «Журналистикаи шаҳрвандӣ»

Один комментарий для “Дархост барои иштирок дар лоиҳаи «Журналистикаи шаҳрвандӣ», дар радиои «Пайванд»

  1. Ишорае хаст, ки дархостхо то 29-уми феврал кабул мешавад… Агар Хадид карда бошанд, ман хам хохиши иштирок карданро дар ин лоиха дорам!
    Бояд таъкид намуд, ки ташаббус хеле саривактиву шавковар мебошад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.