Таҳдид ва хатари коронавирус дар вилояти Суғд ҷой надорад. Сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода изҳор дошт, ки 5 ҳазор литр маҳлулхои антивирусӣ 9 ҳазор картон таблеткаҳои зидди вирусӣ дар вилоят захира аст. Ҳар донишҷӯе, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Суғд баргашт, новобаста аз вазъи саломатиаш изоляция шуда истодааст.