Дар вилоят муаммои норасогии омӯзгорон ҳалли худро меёбад

Хуҷанд, «СМ-1» /Ислом Раҳимов/. Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар вилоят масъалаи норасогии омӯзгорон ҳалли худро пайдо кард.

Дар баёнияи ин сохтор омадааст: «Эҳтиёҷи мактабҳо ба кадрҳои омӯзгорӣ барои соли хониши 2010-2011 543 нафарро ташкил мекард. То санаи 4-уми октябри соли ҷорӣ ба мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 984 нафар 661 нафар (67,2%) мутахассисони ҷавон, хатмкардагони гурӯҳҳои буҷавии мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси омӯзгорӣ ҳозир шуданд». Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар вилоят боз ба 39 нафар омӯзгор эҳтиёҷ ҳаст. Ин холигӣ аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои болоӣ пурра мегардад. Саидмухтор Ҷалолов дар баробари ин мегӯяд, ки таъмин шудани мактабҳо бо омӯзгорон танҳо як тарафи кор аст. Аммо барои боло бардоштани сатҳи дарсгузарӣ ва савияи касбии муаллимони ҷавон корҳои зиёде бояд ба анҷом расонида шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.