Масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии CОVID-19 дар машварати кории раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сардори Марказаи назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд оид ба вазъи эпидемиологӣ дар шаҳр гузориш дода, хушдор сохт, ки мавҷи дуюми ин вирус имрӯз кишварҳои ҳамсояро ба ташвиш овардааст ва ин ҳолат моро низ бетараф намегузорад.