Бемории илтиҳоби шуш давоми шашмоҳаи соли 2019 дар беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд 109 нафарро ташкил мекард. Ҳоло бошад дар ҳамин давраи соли ҷорӣ ин шумора ба 125 нафар расидааст. То ин дам кӯдаконе, ки ташхиси илтиҳоби шуш гузошта шуда буд, ба беморхона бистарӣ гардида, табобат карда шудаанд.