Устодони факултети телекомуникатсия ва технологияҳои иттилоотии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дастгоҳи нави дастони тоза “Санитайзер +” –ро ихтироъ карданд. Барои сохтани дастгоҳи мазкур 500 сомонӣ масраф шуд. Тасмим ҳаст, ки ҳафтаи равон ин дастгоҳ такмил ёфта, баробари тоза кардани дастон инчунин ҳарорати баданро санҷад. Дар нақша ҳаст ки чунин таҷҳизоти безараргардонӣ ба дигар факултаҳои донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хотири пешгирии бемориҳои сироятӣ истифода карда мешавад.