Рубрика: Нигоҳи нав

Лоиҳаи “Нигоҳи нав” фароғатӣ – фарҳангӣ буда, дар ҳар як барнома як нафари муваффақ дар ин ё он самт даъват карда мешавад. Бештари маврид одамони маҳбубиятёфта даъват мешаванд. (Ҳофизон, ҳунармандон, варзишгарон, рӯзноманигорон ва ғайра) Дар барнома саволҳои ғайристандартӣ пешниҳод мешаванд. Ҳудудан 20 дақиқа сӯҳбат карда мешавад ва баъдан як шарт бояд аз ҷониби меҳмон иҷро карда шавад. Шартҳои хандаовар вогузор мешавад. Дар ҳар барнома шартҳо тағйир меёбанд.
Пас аз он саволҳои мухлисони меҳмони даъватшуда вогузор карда мешавад. Қабл аз сабти барнома эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда мешавад, ки меҳмони навбатӣ фалон шахсият аст ва саволҳоятонро барои ӯ вогузор кунед.
Баъд аз саволҳои мухлисон 10 саволи билитс пурсида мешавад, ки ҷавобҳо низ кӯтоҳ бояд бошанд. Саволҳои блитс ду варианти ҷавоб доранд ва меҳмон бояд якеашро интихоб кунад.
Барнома фароғатӣ-маърифати буда, дохилаш метавонад, ҳазл ва танзҳои намакин дошта бошад. Фарқияти барномаи мазкур аз дигар барномаҳои монанд дар он аст, ки дар барнома саволҳои тамоман ғайриоддӣ вогузор мешавд. Ҳамагӣ ду ё се савол аз эҷодиёти меҳмон дода мешавад. Боқимонда саволҳо мавқи ҷамъиятии меҳмонро муайян мекунад. Барнома дар як моҳ се маротиба сабт ва пахш карда мешавад. Ин барномаи муаллифӣ аст ва аз ҷониби Салимҷон САИДОВ бо ҳамкории ШТР СМ-1 сабт ва пахш карда мешавад.