Бозори «Назари нек»-ро чи тавр аз сӯхтор эмин дошт?

Давоми чаҳор моҳу 22 рӯзи моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 31 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Зарари молии сӯхтори ба вуқӯъ пайваста ба аҳолӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст. Бино ба иттилои Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия сӯхтор боиси марги ду нафар шудааст. Яке аз ҷонбохтагон аз оташ ноболиғи хурдсол ва дигар ҷавони 23 сола мебошад. Дар маҷмӯъ аз коми оташ ба маблағим 2 миллион сомонӣ молу амволи сокинон эмин нигоҳ дошта шудааст. Хадамоти оташнишонӣ барои ҷилавгирӣ аз сӯхтор дар бозори маъруфи «Назари неки» ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машқи тактикӣ гузаронид то тавонад усулҳои пешгирӣ аз сӯхторро дар бозор пайдо кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.