Салом хонандаи азиз! Шояд бори аввал барои Шумо менависам, зеро то имрӯз бештар моро тамошо мекардед. Ҳарфҳои моро, наворҳои моро, эҳсосоти моро медидеду мешунидеду ҳис мекардед, ки мо ба Шумо наздикем. Телевизиони СМ-1 имсол моҳи апрел 18 сола мешавад. Мисли ҷавоне, ки нав ба синни камолоти ҷавонӣ расидааст. Соли 1998 вақте номгузорӣ мешуд, тасмим гирифта шуд, ки симои мустақил бошад. Чун дар ин фосила телевизионҳои зиёде рӯи кор омаданду бо фосилае зуд барҳам хӯрданд. Бинандаи он айём гумон дошт, ки ин телевизион низ мисли телевизионҳои маҳаллии пешин зуд меояду меравад. Вале роҳбарият ва ҳайати эҷодиву техникӣ ҳанӯз дар ҳамон замон дарк намуда буданд, ки ин телевизиони муваққатӣ нест. Ин бояд барои мардум, барои иттилоотонии одамон ва талқини фарҳангу маданияти миллӣ хидмат кунад. Маҳз боварии одамон умри телевизиони СМ-1 ро бардавом намуд. Аз он фурсат то имрӯз дар сеткаи намоишҳои ШТР СМ-1 барномаҳои зиёд таҳия ва манзур гашт. Шумораи зиёди мутахассисони соҳаи телевизионро омода намуд. Имрӯз бо ҳайати эҷодии худ, ки иборат аз собиқадорони ботаҷрибаву ҷавонони болаёқати навхат аст, кори худро пеш бурда истодааст. Давоми 18 соли фаъолияташ дар СМ-1 мактаби анъанавии устодиву шогирдӣ бунёд ёфтааст. Насли ҷавон меояду аз таҷрибаи фаъолияти ин даргоҳ баҳравар мешавад. Мо хуб медонем, ки имрӯз фурсати дигари муносибат ба иттилооту технологияи иттилоотӣ фаро расидааст. Воситаҳои мувофиқу дастрас рӯи кор омадааст, ки завқу хоҳиши бинандаву шунавандаву хонандаро ба худ мекашад. Бо назардошти ин ҳолат мо таи чанд сол аст, ки сомонаи расмии телевизионро фаъол кардаем ва маводҳои истеҳсоли худиро ин ҷо мегузорем, то барои корбарони сомонаҳо мувофиқ ва дастрас бошад. Мо хуб медонем ки ин кор дар ҳоли такмил ёфтан аст. Бинобар ин аз Шумои азиз, хоҳишмандем, ки андешаҳоятонро перомуни телевизион, ҳусну қубҳи барномаҳо ва мавзуъоте ки мувофиқ ба завқи Шумост пешниҳод намоед. Омодаем, ки андешаи Шуморо ин ҷо бихонем. Боқӣ, ба ҳамаи Шумо барор ва сарбаландӣ хоҳонем.

Илҳомҷон Ҳошимов – сармуҳаррири ШТР СМ-1

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.