Дирӯзу имрӯзи фаъолияти лагерҳои истироҳатӣ дар барномаи навбатии Офтоби меҳрубонӣ баррасӣ шуд. Тобистон. Ҳаво гарм. Соли хониш ба охир расид. Таътили деринтизор! Мавсими истироҳат барои хонандагон фаро расид. Кӯдакону наврасон ва ҷавонон бештар хоҳиши истироҳат дар лагерро доранд. Аммо то кадом андоза волидон маблағи роҳхатро пардохт карда метавонанд? Ин муаммо дар барнома баррасӣ шуд. Онҳое ки давраҳои бачагиашон ба замони шӯравӣ рост омадааст, чӣ будани истироҳат дар лагерро хуб медонанд.

Дар барнома бештар аз сатҳи  фаъолияти Шӯрои Иттифоқҳои Касабаи вилоят ёдрас шуданд. Ба андешаи намояндаи истироҳатгоҳи «Шоҳин» Алла Ғаниева мавқеъ ва фаъолияти иттифоқи касаба дар ин бобат начандон қаноатбахш аст. Гузашта аз ин ба хотири беҳтар ба роҳ мондан ва пешрафти кори лагер таклиф шуд, ки барномаҳои истироҳатгоҳҳо бояд куллан тағир ёфта, ба талаботи имрӯзаи истироҳаткунанда мутобиқ гардонида шавад.

Барои он ки мушкилоти набудани мураббиёни касбӣ, дар лагер ҳал шавад, пешниҳод шуд, ки бояд семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, мураббиён барои таҷрибаивазкунӣ ба дигар истироҳатгоҳҳои солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон фиристода шаванд. Ташкил ва гузаронидани маҳфил бо иштироки чеҳраҳои шинохта пешниҳоде буд, ки ба зудӣ аз ҷониби иштирокчиёни барнома қабул шуд.

Шакли пурраи барномаи «Офтоби мехрубонӣ»
Хотираҳои офтобӣ аз лагери истироҳатӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.