Бо ҳамин унвон ток шоуи навбатии Печутоби замон сабт шуд. Иштирокчиёни барнома аз мушкилоти маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ёдрас шуданд. Барои он ки имрӯз волидайн ва худи ҷавононро бовар кунонем, ки хизмати харбӣ аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ фарқ мекунад, вақт лозим шуд. Ва ин муҳлат 25 соли таърих аст. Дар арафаи иди бузург, сарбозону афсарон аз қисмҳои низомӣ, модарони сарбозон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, насли наврас ва намояндагони комиссариати ҳарбӣ дар барнома ширкат намуда, аз мушкилоту пешрафт ёдовар шуданд.