Кадом корҳо иҷро шуд ва кадом корҳои дигар давом дода мешавад? Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз 12-уми ноябри соли 2016, таҳти №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ба имзо расида буд. Он бештар самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро барои аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Мо дар як барномае, ки ду сол қабл таҳия карда будем, дар бораи аҳамияти ин Стратегия ва муҳимтарин нуктаҳои он ҳарф зада будем. Ин навбат мо аз натиҷаи таъсири ин санади барномавии ояндасоз ва нақши он дар тағири афкору рафтори ҷомеъа сухан мекунем. Инак имсол аз санаи қабул ва иҷрои ин Стратегия 4 сол мегузарад. Кадом корҳои иҷро шуд ва кадом ҳадафҳои дигар бояд давом дода шавад?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.