Азхудкунии заминҳои нав, ё кишт дар заминҳои пешина бе риояи технологияи нигоҳубини замин ба як қатор мушкилоти вайроншавии таркиби хок оварда мерасонад. Оқибатҳои асосии фаъолияти хоҷагидории инсон аз инҳо иборатанд: эрозияи хок, ифлосшавӣ, камшавӣ ва намакхурдашавии хок, ботлоқшавӣ, барҳамхурии минералҳои хок, кам шудани маъданҳои фоиданок ва намнокшавии онҳо аз шумори бемориҳои замин аст, ки хоҷагидорон онро фаҳмида, ё нафаҳмида иҷро мекунанд. Мавзуи навбатиро ба ана ҳамин масъалаи муҳим ки бо ояндаи экосистема иртибот дорад, мебахшем. Деҳқонон замин мегиранд, кишт мегузаронанд. Ҳосили дилхоҳ бо истифодаи нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ба даст меояд. Мо дар бораи таъсири заҳрхимикатҳо ба сифати ҳосил барномае доштем. Акнун мехоҳем ки дар бораи мушкилоти имрӯзаи заминҳои киштамон сухан кунем. Мисол, деҳқонон мегӯянд: “дар замине ки пиёз кишта шуд, таркиби хокаш вайрон мешавад ва барои нигоҳдошти ҳолати хок бояд дар он замин як муддат юнучқа кишт кард, ки таркиби минералии хокро нигоҳ дорад”. Ин як мисоли оддӣ аст, ки на ҳамаи деҳқонон онро риоя мекунанд. Ин масъала дар барномаи навбатӣ баррасӣ шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.